Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Захираи маводи хӯрока

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самаранок истифода бурдани ҳар пораи замин, истифодаи самараноки заминҳои ёрирасон, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи маводи хӯрока барои зимистонгузарониро амалӣ намуда, мардумро барои рӯзғордории бобаракат равона намуда истодаанд. Тарғиботчиён зимни мулоқотҳо даъват ба амал оварданд, ки заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, аз ҳар як қитъаи замин барои руёнидани ҳосили нав дар як сол якчанд маротиба ҷидду ҷаҳд намоянд.

Сокинони сарбаланди шаҳри Гулистон заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода бурда, барои гузаронидани фасли зимистон омодагии ҷиддӣ доранд. Аз меваҳои ширину сабзавоти тару тоза маҳсулотҳои консервагӣ тайёр намуда, ба зимистонгзаронӣ захира карда истодаанд.

Ҳамзамон, тарғиботчиён оид ба Паём ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *