Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагӣ ба фасли зимистонгузаронӣ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигию заминҳои ёрирасон, захираи маводи хӯрока бо сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон корҳои таблиғотиро роҳандозӣ намуда истодааст.
Зимни мулоқотҳо даъват ба амал меовард, ки ҳар қитъаи заминҳои назди ҳавлигиро барои рӯёнидани зироати хӯрока истифода намуда, аз ҳоло барои рӯёнидани кишти такрорӣ ва ҳосили фаровон замина гузоранд. Шаҳрвандон барои зимистонгузаронӣ баробари омода кардани шарбатҳои мевагӣ, хушкмеваро низ захира карда истодаанд. Хушкмеваро дар ҷои муносиб нигоҳ дошта, муддати тулонӣ истода мебаранд. Чунки аз хушкмева омода намудани хӯрокҳои гуногун имконпазир буда, хушкмева ғизои табии солим шуморида мешавад.