Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Захираи маҳсулот барои зимистонгузаронӣ

      Гурӯҳи тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифодабарии замин ва захираи маҳсулот барои зимистонгузаронӣ бо сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон мулоқот доир намуданд. Зимни мулоқот маълум гардид, ки сокинони шаҳри Гулистон аз заминҳои назди ҳавлигӣ ва заминҳои ёрирасон якчанд маҳсулот ба даст оварда, маҳсулоти кишоварзиро барои зимистонгузаронӣ захира менамоянд.

     Аз қабили гандум, ғалла, лӯбиёгиҳо, меваҳои хушк зардолуву туту мавиз. Дар ҳар хонадон бонувони ҳунарманд ба омода намудани хӯришҳо машғуланд. Аз олучаву гелос, қулфинаю себ, зардолуву олу ва дигар меваҷотҳо мураббо ва ҳар гуна консервагиҳоро тайёр карда истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *