Рубрики
top pay day loan

ГУЛИСТОН: ЗАҲМАТУ КОРУ ҲУНАР, НАМОЯД КАСРО НОМДОР…

Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Чоруқдаррон” чорабинии бошукӯҳ бо иштироки фаъолони ҳизб, ҷавонону занон, собиқадорон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ташкил ва баргузор карда шуд. Раиси КИ ҲХД дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён зимни суханронӣ зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар баробари барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ халқи тоҷик бо раҳнамоии сарвари оқилу хирадмад ва дурандеши худ тавонист дар тӯли сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ тавонист ба рушди бемайлон ва натиҷаҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардад.

Бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 ҳамчун «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ин иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат барои боз ҳам беҳтар муаррифӣ кардани ҷаҳониён бо давлату миллати тоҷикон пояи устувор мегузорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *