Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ КӮЧА БА КӮЧА ВА ХОНА БА ХОНА ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ СОVID-19

         Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо усули кӯча ба кӯча баҳри вусъат бахшидан ҷиҳати пешгирии бемории сироятии СОVID-19 бо сокинон мулоқот доир намуданд. Аъзоёни гурӯҳи корӣ байни шаҳрвандон оид ба хуруҷ гирифтани бемории сироятии СОVID-19, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи масофа бо атрофиён, мунтазам шустани дастон  ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд. Ҳамзамон барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ  варақаҳои тарғиботӣ  ва маҳлулҳои безараргардонӣ тақсимот карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *