Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Истиқлолият бод!

 Имрӯз ин диёри зебоманзари мо симои  идона гирифта, мардуми шарифи Тоҷикистон 31-солагии яке аз муқаддастарин ҷашнҳои миллӣ – Рӯзи Истиқлоли давлатиро истиқбол менамояд. Истиқлолият бешубҳа аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷику тоҷикистонӣ ба ҳисоб меравад. Сиву як соли ҷаҳду талошҳо, заҳмату изтиробҳо, бунёдкориву созандагиҳо… Таърих гувоҳ аст, ки роҳ ба сӯи сиву як соли истиқболи Истиқлолияти давлатӣ барои кишвари мо  ҳамвор набуд ва он ба осонӣ ба даст наомадааст. Ва месазад, ки сар баланд бардошта, дар давлати мустақил, озоду обод, демократию ҳуқуқбунёд умр ба сар бурда, барои ояндаи боз ҳам дурахшони Ватани азизи худ пайваста кору пайкор ва ҷаҳду талош намоем. Ин гавҳари бо машаққатҳои зиёд ба даст овардаро ҳимоят намоем. Аз таърихи гузашта, имрӯз ва фардои худ сари андеша бошем, аз меваҳои шаҳдбори Истиқлолият, ки насибамон гаштааст доимо шукргузорӣ кунем.

Маҳз бо сиёсати пешгирифтаи Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва фарзандони фарзонаи миллат дар марҳилаҳои ниҳоят ҳассос ва хатарнок, таҳти таъсири омилҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ даврони пуртазод ва фоҷиаборро паси сар карда ба эҳёи давлатдории мустақили миллӣ расидаем. Аз давраи ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ  дар кишварамон бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд дар натиҷа  сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ таъмин гардид, поягузории давлатдории навини тоҷикон комилан сурат  гирифтааст.

Дар ҷараёни солҳои соҳибистиқлолӣ  Тоҷикистон ислоҳоти бузурги сиёсӣ, конститутсионӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро оғоз намуд ва ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид. Раҳои аз бумбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

 Даҳҳо ҳазор иншоотҳои муҳимӣ иҷтимоию саноатӣ сохта, ба истифода дода шуда, неругоҳҳои обӣ-барқӣ, пулу роҳҳои аз нав бунёдгардида, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, маорифу тандурустӣ, боз яке аз бузургтарин дастоварди замони Истиқлолият ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар мебошад. Ин ҳама талошҳо танҳо барои пешрафту тараққиёти мамлакат, беҳдошти зиндагии мардум ва таҳкими сулҳу субот нигаронида шудааст. Солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҷаҳониён бори дигар исбот намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибмарз дорои фарҳанги бою хиради созанда ва ибратомӯз низ ҳастанд. Бигзор ин дастоварҳо дар оянда низ боз ҳам рушду нумӯъ ёбанд, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои Истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки мардуми  мамлакат гардад! Истиқлоли давлати тоҷикон  то адаб устувору мардуми он  бахтёр бошад!

КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *