Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Истиқлолият- нишонаи пойдории миллат!

Месароям маснади волои Истиқлол,

Медамат хуршед аз фардои Истиқлол.

Зери бари минати ғайре будан талх аст,

Коми мо ширин шуд аз ҳавлои истиқлол.

       Мардуми Тоҷикистон ҳамасола Рўзи Истиқлолияти давлатии кишварро ба хотири қадршиносиву арҷгузорӣ дар фазои бошукўҳи идона таҷлил намуда, аз он ифтихор мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр доранд. Соҳибистиқлоливу соҳибватанӣ, мустақилият ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои ҳар як миллат рўйдоди воқеан сарнавиштсоз мебошад. Зеро ҳар кишвару миллате, ки тақдири имрўзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дошта, барои сарнавишти шаҳрвандони худ ва беҳбудии рўзгори онҳо талош меварзад, насибадори саодати бузург мебошад.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд: «Арзиши Истиқлолияту озодии Ватан бо ягон ченак арзёбӣ карда намешавад. Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».

      Аз ин нуқтаи назар, Истиқлолият барои мо яке аз боарзиштарин ва муқаддастарин дастоварди миллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар заминаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллӣ ба вуҷуд омадааст.

      Аз таърихи бисёр қавму миллатҳои олам маълум мегардад, ки соҳибистиқлолӣ ба ҳар халқу миллат ба осонӣ дастрас намегардад. Зеро ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва барпо намудани давлати соҳибихтиёр новобаста ба робитаи мустақим доштанаш ба имконияти таърихии ҳар халқу миллат, инчунин аз ҳар фарди миллат бедориву ҳушёрӣ, эҳсоси гарми ватандўстиву ватандорӣ, кору фаъолияти содиқонаву софдилона ва саъю кўшиши доимиро талаб мекунад.

                                                                        КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *