Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

       Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи албом эстафета  таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи меҳанпарастӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ, хизмат ба Ватан ба дидбонгоҳи сарҳадии якуми Ҷамоати шаҳраки Зарнисор  ташриф оварданд.  

       Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   Муслимахон Ҷамолиён сарбозонро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, қайд намуд, ки Конститутсия шоҳсутун, бахтномаи миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои давлатиТоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ҳифз ва риоя кардани он барои ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ аст. Ин санади тақдирсоз ҳамчун шаҳодатномаи адолатхоҳи бунёдкорӣ, ваҳдатталаби Тоҷикистон аст.

      Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал ва ҷавобгўи талабот буда, беҳтарин Конститутсияи олам эътироф шудааст. Аз ин лиҳоз мардуми ин сарзамин ба қадри истиқлолу озодии давлати мустақил, соҳибихтиёр, сулҳу субот ва оромиву осудагии ин ҷомеа бояд расанд.  

       Боварии комил дорам, ки сарбозон барои ободонӣ, боло рафтани обрӯву нуфузи кишвар, барои Ватан содиқона хизмати арзанда мегузоранд иброз дошт Муслимахон Ҷамолиён. Дар поёни вохӯрӣ афсарон ва сарбозони Ватан бо Сипоснома ва Раҳматномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сарфарозонида шуда, ба қисми ҳарбӣ ёрии молиявӣ низ расонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *