Рубрики
top pay day loan Асосӣ

ГУЛИСТОН Конференсияи XXVII ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо садо додани Суруди миллӣ, таҳти Раёсати раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода Конференсияи XXVII ғайринавбатӣ баргузор гардид.

Дар рафти кори Конференсия иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Ҳошимзода Раъно, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва 110 нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ иштирок доштанд.

Ба баррасии Конференсия се масъала:

1. Пешбарӣ намудани номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15

2. Пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат” №10 ва “Навобод” №24

3. Интихоби ҳайати нави КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пас аз муҳокимаи масъалаҳои Конференсия қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Номзадии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 ва ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат” №10 пешбарӣ карда шуд. Номзадии Мадаминов Раҳматҷон Ҳусейнович бошад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии “Навобод” №24 пазируфта шуд.

Пас аз қабули ҳайати нави КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баромад намуда, иштирокчиёни Конференсияро барои эҳсоси масъулияти баланд дар татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузори кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон даъват намуд.

Ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Ҳошимзода Раъно аз дастгирии вакилони Конференсия дар пешбарии номзадиаш аз ҲХДТ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки танҳо бо дастгирии аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони шаҳр имконияти расидан ба дастовардҳои назаррас вуҷуд дорад. Номбурда аз иштирокчиёни Конференсия даъват намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузург, яъне таъмини зиндагии шоиста ва сазовори мардум бояд сарҷаму муттаҳид ва бо масъулияти баланд корбарӣ намоем.

Бо садо додани Суруди миллӣ ба кори Конференсияи XXVII ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хотима дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *