Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: КӮМАК БА ҚИСМҲОИ НИЗОМӢ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокоатии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби фаъоли ҳизб, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр кӯмак ба қисми низомиро ба роҳ монд.

Оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии сарбозон ва ҳимояи марзу буми Ватан корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда шуда, ба дидбонгоҳи сарҳадии якуми Ҷамоати шаҳраки Зарнисор  40 адад болишт ва 40 адад кӯрпа тақдим карда шуд. Афсарону сарбозон шукронаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ намуда, ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосмандӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *