Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон имрӯз дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг” бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи мамлакат ва ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор гардид. Дар оғози баргузории чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Чамолиен баромад намуда, ҳадафи баргузории маҳфил – озмуни мазкурро шарҳ дод ва доир ба нақши китоби мазкур дар шинохти асолати миллӣ ибрози андеша намуд.
Дар маҳфил – озмуни мазкур хонандагони фаъоли муассисахои талимии шаҳру шаҳракҳои Гулистон ширкат варзида, донишу ҷаҳонбинии худро вобаста ба китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров нишон доданд.
Дар натиҷа Дипломи дараҷаи якум насиби хонандаи синфи 10 “А”и МТМУ № 14 Кузиева Сафина Дипломи дараҷаи дуюм насиби хонандаи синфи 10″А”-и Гимназияи № 1 Зебои Собит-духт ва Дипломи дараҷаи сеюм насиби хонандаи синфи 10 “В”-и Қосимова Рухшона МТМУ №1 гардид.
Дар ҷамъбасти маҳфил – озмун ҳамаи иштирокдорон бо Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шудаанд.