Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Гулистон

Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон санаи 6 –уми апрели соли равон маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи аввали Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид. Дар рафти кори маҷлис Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович-муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Мамнур Нурзода-мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси шаҳр, инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон фаъолон ва собиқадорони ҳизб, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.

Ҷамолиён Муслимахон – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба кори маҷлис ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд ва оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар давраи семоҳаи аввали соли 2022 ҳисобот дод.

Дар рафти баромад масъалаҳои муҳими сиёсиву дохилиҳизбӣ, аз ҷумла вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолияти онҳо, тоза кардани сафи ҳизб аз шахсони тасодуфӣ, супоридани аъзоҳаққӣ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоии нав, қабули аъзо ба сафи ҳизб, натиҷаи “Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ”, ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ бо масъулини ташкилотҳои ибтидоӣ ва монанди инҳо, ва пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон зикр карда шуд, ки кумиҷроия ҳамасола тибқи нақшаи кории худ ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои сиёсӣ, оммавӣ ва фарҳангӣ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Давоми моҳҳои сипаришудаи соли 2022 низ як қатор чорабиниҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ, муассисаву корхонаҳо ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳр роҳандозӣ гардиданд.

Тибқи рӯзномаи маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар идомаи кори ҷаласа рӯзи баргузории Конференсияи 27 – уми ғайринавбатӣ муаяйн ва ҷадвали баргузории маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба пешбарии вакилон ба Конференсия тасдиқ карда шуд.

Музокирачиён Ғолиб Юлдошев ва Одина Қурбонова фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳриро хуб арзёбӣ намуданд.

Дар поёни маҷлис ба 10 нафар аъзоёни тозаинтихоби ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *