Тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо мақсади идомаи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ рӯёндани ду-се ҳосил аз ҳар як ваҷаби замин, захира кардани миқдори зарурии маҳсулоти ғизоӣ ва ҳамзамон оид ба ободу зебогардонии маҳал ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати сарфакорию пешгирии исрофкории маводи озуқаворӣ бо шаҳрвандон мулоқоту вохӯриро идома доданд. Бо усули хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Зимни мулоқотҳо қайд гардид, ки бе меҳнат касе соҳиби чизе нашуд. Сарфакорию исрофкориро аз байн бурда, барои ободонӣ ва таъмини оила саҳмгузор бошанд.
Рубрики