Рубрики
Асосӣ Мақола

ГУЛИСТОН: Муборизаҳои геополитикӣ

МАҚОЛА: Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳад, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Аз ин гуфтаҳои Сарвари давлат метавон хулоса кард, ки пешравии ҳар як давлату миллат дар тинҷиву оромии он ва муттаҳидии миллату халқиятҳои он мебошад. Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки ба озодии комилу истиқлолият расидани ҳар як миллату давлат бе ба даст овардани ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ, меҳр ба Ватану сарзамини худ номумкин мебошад.

Имрӯзҳо вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳама ҷиҳат ноустувор шуда истодааст. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ дида истодаем, ки бо таъсиррасонии бархе аз давлатҳои абарқудрат ва дахолати онҳо ба сиёсати дохилии давлатҳои рӯ ба тарақӣ бесуботиву ноамнӣ ба миён меорад. Ва ин боз ба он мегардад, ки вазъияти иҷтимоию иқтисодии давлатҳое, ки зери таъсири бегона қарор доранд, ба мушкилотҳо рӯ ба рӯ гарданд.

Чӣ хеле, ки мо тули чанд ҳафтае аз шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ огоҳ ҳастем вазъи дохилии Ҷумҳурии Украина ноором буда, майдони муборизаҳои геополитикӣ гаштааст. Чаро бархурди манфиатҳои давлатхои абардқудрат маҳз дар Украина бархӯрд? …… Раванди сиёсие, ки имрӯзҳо дар муносибатҳои геполитикӣ ба амал омадааст, шабоҳат дорад ба вазъияти пешазҷангии Ҷанги якум ва дуюми Ҷаҳон.

Дар вазъияти кунунии ҷаҳон мо халқи тоҷик низ зиракии сиёсии худро аз даст надода, ба ҳаргуна ақидаҳои иғвоангезонае, ки аз тарафи хоинони миллат бо дасгирии давлатҳои хориҷа дар шабакаҳои ичтимоӣ паҳн мегарданд, бовар накарда, баҳри ободонӣ, тинҷиву осоиштагии Ватани азизамон меҳнат кунем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *