Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: НАЗАРЕ БА ОИНИ ТАЪРИХ

     Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён дар барномаи телевизионии “Назаре ба оинаи таърих” бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок намуд.

      Зимни баромади хеш қайд намуд, ки нақши таърихӣ ва тақдирсози  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки тавонистанд шамшери хуношоми ҷангро ба қалами ҷонбахши имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, парокандагиро ба сарҷамъӣ, нафрату бадбиниро ба муҳаббату самимият, харобиро ба баракату пешрафт иваз намуда, намунаи беҳтарини таҳаммулпазирӣ, футувват ва ватандӯстиро ба мардум нишон диҳанд. Имрӯз дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу Ваҳдати миллӣ пойдор аст. Кишвари маҳбубамон зери парчами музаффаронаи Президент ва сарвари созандаи худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи нави рушду инкишофи бемайлони таърихӣ қарор дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *