Дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, муовини Раиси шаҳри Гулистон Оқилзода Ғайрат Аҳмад ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадинахон Салимзода ҷаласаи васеи Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти корӣ дар давраи нимсолаи аввали соли 2021 баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои кумиҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадрони ҳизб ва фаъолон иштирок доштанд.
Дар ҷаласа панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта,
аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома – Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён оид ба Ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли 2021 дар ҷодаи амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Анҷумани ҳизб ва конференсияҳои вилоятию шаҳрӣ, оид ба масъалаи ҷалби аъзо ба сафи ҳизб, мазмун ва муҳтавои нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар байни кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва дигар самтҳои асосии фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар давраи ҳисоботӣ баромад намуд. Баъдан аз руйи масаълаи мазкур раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр Фирдавс Абдуллоев ба музокира баромад.
Дар ҷаласа гузориши вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии”Зарзамин” №15 Парвиз Аҳмадҷонов аз фаъолияти вакилӣ дар ҳамбастагӣ бо барномаи вакилиаш шунида шуд.
Дар идомаи кори ҷаласа дар бораи иҷрои нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба иҷрои нақшаи обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” барои соли 2022 гузориши мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Муяссар Раҳимова ва муовини Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Шарифа Отаҷонова шунида шуд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадинахон Салимзода зимни баромади хеш ба фаъолияти нимсолаи кумиҷроияи шаҳрӣ баҳои баланд дода, ҳамзамон барои таҳкими минбаъда дар ҷодаи кор бо ташкилотҳои ибтидоӣ, тақвияти корҳои ташвиқотию тарғиботӣ байни ҷавонон, вусъати фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” дастур дод.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Оқилзода Ғайрат Аҳмад аз ҳамкории самарабахши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ёдовар шуд. Барои тақвияти фаъолият дар самти коҳиш додани ҷинояткорӣ байни ҷавонону наврасон, пурқувват намудани Ситоди мубориза бо бемории сироятии COVID – 19 маслиҳатҳои судманд дод.
Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласа анҷом ёфт.
Дар фарҷом ба 17 нафар аъзои тозаинтихоби ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.