Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Некӣ бимонад ҷовидон!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва иҷрои саривақтии барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намуд ва аёдати собиқадорон ва маъюбон  роҳандозӣ гардид.

Зимни сӯҳбат аёдатшудагон бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол ва сиёсати дурбинонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбати ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосгузорӣ намуда, баҳри осоиш ва гул-гулшукуфоӣ ва боз ҳам рушди босуботи кишвари соҳибистиқлоли миллати тоҷик дасти дуо кушоданд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *