Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Ободонӣ мароми мост!

Дар доираи корҳои ободонӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва намояндагони ТҶҶ Созандагони Ватан дар атрофи бинои Кумитаи иҷроия шанбегӣ доир гардид.

Дар ҷараёни шанбегӣ гирду атрофи бино аз алафҳои бегона, партовҳо тозаю озода гардонида шуда, 40 адад дарахтони ҳамешасабз шинонда шуданд. Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, намояндагони ТҶҶ Созандагони Ватан фаъолона иштирок намуданд. Тозаю зебову назаррабо гардонидани ҳудуди шаҳри Гулистон мароми ҳизбиён буда, ободонӣ идома хоҳад ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *