Қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст.
Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ азиз бошад ва ҳар шахс бояд маҳбубият ва садоқати худро ба парчам ва миллати тоҷик нишон диҳад. Зеро Парчам метавонад тамоми ҳастии давлатдориро дар ин муқаддасоташ нишон диҳад.
Бигзор Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо дар фазои ороми кишвари маҳбубамон парафшонӣ намояд.
Эй парчами умед, эй ном, эй нишон,
Дар осмони бахт кардат кӣ парфишон?!
Бигзор номи ӯ монад дар ин ҷаҳон,
Мисли ту раҳнамо, мисли ту ҷовидон!