Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: ПАЁМ-ОЯНДАИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

   Таърихи 4 январи  соли ҷорӣ, дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фулузоти нодир”-и шаҳраки Чоруқдаррон  бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрӣ бо интихобкунандагон роҳандозӣ карда шуд.

     Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18  Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллолзода ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Искандар Муродов  нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи иштирокчиёни вохӯрӣ расонида, корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монданд. Дар поёни вохӯрӣ қайд гардид, ки Паёми ирсолгардида, дастур ва роҳнамо барои миллату давлат буда, барои фароҳам овардани зиндагии шоиста ба шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошад. Барои амалӣ гардидани вазифаҳо ва дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида, ҳар шаҳрванд  бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ содиқона барои пешрафту ободонии  Тоҷикистони азиз меҳнат намояд. Аксҳо аз ҷараёни вохӯрӣ бо интихобкунандагон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *