Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: ПАЁМ – РОҲНАМО

      Дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон тибқи нақшаи                                                                                         баргузории вохӯриву мулоқотҳо оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Паём – роҳнамо” бо аҳли зиёиён, аъзои фаъоли ҳизб вохӯрӣ доир гардид.

     Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода  бобати  нуктаҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат, таваҷҷуҳи  ҳамешагӣ ба соҳаи маориф, бунёд гаштани корхонаву муассисаҳо, муассисаҳои томактабӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши технологияи муосир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд андешаронӣ намуда, қайд кард, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони азизи мо шукуфон , сулҳу ваҳдат пойдор, мардумонаш сарҷамъ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои ба даст овардани Истиқлолият мустақил аст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо моро зарур аст, ки барои таълиму тарбияи насли ояндасози миллат саъю талош намоем ва якояки онҳоро дар руҳияи ватанпарастӣ, одоби хамидаи инсонӣ ҳамчун инсони комил ба воя расонида, тарбия намоем.

Тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша дар шаҳри Гулистон давом дорад. Аксҳо аз ҷараёни вохӯрӣ.   

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *