Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Паём –ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат!

Мо ҳизбиён алҳол дар таассуроти нек аз Паёми ҷашнии даҳумини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорем. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар даврае пешниҳод гардид, ки ҷашни сисолаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуда, кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардид ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Паём яке аз рукнҳои асосии давлатдории демократӣ ҳамчун роҳнамо барои рушду нумӯи кишварамон нигаронида шудааст. Як дастури муҳимест, ки барои фаъолияти минбаъда ҳамаи ҷабҳаҳои тараққиёти кишварро дар бар мегирад. Дар Паём сиёсати дохилию хориҷӣ ва шоҳроҳи ояндаи кишвар мустақилона муайян карда шуд. Дар ҳақиқат тантанаи давлатдории миллии мо ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аз Паём бармеояд, яъне дар Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми неки насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ баён мегардад. Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар зарфи 30 соли соҳибистиқлоли, мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаем. Аз Паём меояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Боз як нуқтаеро зикр намудан зарур аст, ки соли 2022 “Соли рушди саноат “ эълон карда шуда, дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон – Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус, Данғара –Гулистон –Кӯлоб, Рӯшон – Хоруғ – Кулма, Хуҷанд – Конибодом ва Хуҷанд – Ашт оғоз мегардад. Дар Паёми навбати нисбати касбомӯзии ҷавонону бонувон таваҷҷӯҳи калон зоҳир карда шуд. Президенти кишвар дар Паём ҳидоят намуданд, ки ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Албатта барои омухтани забонҳои хориҷӣ кушиш намоянд.Дар Паёми навини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму маориф низ диққати махсус доданд. Таъкид гардид, ки илму маориф дар шароити муосир нақши калидӣ дошта ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Вобаста ба ин Президенти мамлакат баланд бардоштани сифати таълиму тарбияро дар тамоми зинаҳои таҳсилот яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи устодону омӯзгорон ва падару модарон арзёбӣ намуданд.Дар таълиму тарбияи насли наврас чӣ дар оила ва чӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд ҳар яки мо диққати ҷиддӣ диҳем. Барои донишандузӣ, касбу ҳунаромузии фарзандонамон эътибори махсус зоҳир намуданамон лозим аст. Маҳз бо дарки ҳамин воқеият ва хиради азаливу тадбирандешии хусравонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҷашнии даҳумин ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” диққати хурду бузурги кишварро дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ равона намудааст. Паёми навбати низ бо як ҳиссиёту рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ истиқбол гардид. Боварӣ дорем, ки барои дар ҳаёт татбиқ намудани ҳар як нуқтаи Паём саъю кӯшиш намуда, сидқан талош меварзем.

Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *