Бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» пиёда намудани иқдоми ҳизбӣ, таҳти унвони «Ҷавонон нерӯи созанда» ташкил карда шуд. Дар он ҷавондухтарону ҷавонписарон, аъзои намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», коркунони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, таҳти шиори «Шараф ба Пешвои муаззами миллат», «Шараф ба ҷавонони ояндасози миллат» роҳпаймоӣ намуданд. Пас аз роҳпаймоӣ дар назди майдони Парчами Тоҷикистони шаҳри Гулистон барномаи фарҳангӣ-адабӣ намоиш дода шуд. Рӯзи ҷавонон Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон хеле хотирмон таҷлил карда шуд.
Рубрики
ГУЛИСТОН: Пиёда намудани иқдоми ҳизбӣ
