Дар он рӯзҳои солҳои навадуми асри гузашта оташи ҷанги бародаркуши рӯз аз рӯз баланд гардида, Тоҷикистони нав ба истиқлолрасида дар ғами фарзандони фидокораш хуни дил мехӯрд. Аз чунин ҳолати ногувор истифода карда, дар мамлакат, махсусан дар ҷанубу шарқи кишварамон камондорон ба қатлу ғорати ҳамдиёрону ҳамватанони худ машғул буданд. Хазинаи кишвар ба ғорат рафта, қаҳтию гуруснагӣ рӯз аз рӯз шиддат мегирифт ва сохтори давлатӣ фалаҷ гардида буд. Дар чунин вазъияти нобасомонӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байни намояндагони халқ марди шердилу боҷасорат, қавиирода, хирадманду деҳқонзодаи асил бо исми Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ ва баъди ду сол Президенти мамлакат интихоб гардида, аз рӯзҳои аввали ба вазифа шурӯъ карданашон ба мардуми кишвар таъкид доштанд, ки «Ман ба Шумоён сулҳ меоварам». Ин марди бузург дар ҳақиқат ба қавли додаи худ содиқ монда, ба кишвару ватан ва миллати тоҷик сулҳу ваҳдати миллиро оварданд.
Шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли офтоби тобони бахт аст, ки ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ гармӣ ва нуру рӯшноӣ мебахшад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне сарвари давлат интихоб шудаанд, ки умеду боварӣ ба ояндаи дурахшони Ватан дар дилҳо намонда буд. Кишвари маҳбубамон аз дасти фарзандони нохалафу хоинони дохиливу хориҷӣ ба мамлакати оташу теғу хун табдил шуда, хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлат ва пароканда шудани миллати тоҷик ба воқеъият рӯз табдил гардида буд.
Сулҳу Ваҳдат беҳтарин ҳадяи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ваҳдати миллӣ ҳамин иқдоми ӯст,
Ваҳдати миллӣ худи ӯ, номи ӯст.
Ваҳдати миллӣ ҳамин имони мост.
Сурати Эмомалӣ Раҳмони мост.