Рубрики
top pay day loan

ГУЛИСТОН: РИОЯИ ҲАТМИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД»

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тарбиявӣ”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-уми маркази шаҳр, дар мавзӯъҳои риояи ҳатмии Қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзанд «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастовардҳои 30-соли Истиқлолияти давлатӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ бо иштироки ҷавондухтарону ҷавонписарон мизи мудаввар ташкил ва баргузор намуд.Дар мизи мудаввар мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон – Муяссар Раҳимова, мудири бахши омор- Мадина Шодиева, мутахассиаси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Санабар Носирова, собиқадори ҳизб – Норӣ Қаҳорова иштирок намуда, сӯҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монда, оиди масъалаҳои баёншуда фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *