Рубрики
Асосӣ Мақола

ГУЛИСТОН: Роҳнамои халқи тоҷик

    МАҚОЛА: Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем.

Бо чунин суханҳои воло оғоз мешавад бахтнома ва раҳнамои имрӯзу фардои миллати тоҷик – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Он ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии миллат ба ҳисоб рафта 6-уми ноябри соли 1994 дар райъпурсии умумихалқӣ қабул ва қонунан эътироф гардид. Ин рӯйдод яке аз дастовардҳои бузурги давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.

Чун ҷомеа тағйирёбанда, дар Конститутсия низ тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ – 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағийру иловаҳо ворид карда шудаанд. 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар натиҷаи он калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда шуд. Таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он марҳалаҳои гуногун ва хеле мушкилу махсусро сипарӣ кард. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми сиёсии даврони муосир бунёд гузошт. Бояд гуфт, ки низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия бо риояи арзишҳои дигари умумибашарӣ барои рушди ояндаи кишвар мусоидат менамояд.

Ба вуқуъ пайвастани чунин рӯйдоди таърихӣ, албатта пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон гардид. Зеро Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад. Қабули Конститутсияи нави мамлакат, бо ҳидояти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ба арзишҳои аслии башарӣ ва ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави ватани маҳбубамон асос гузошт ва ҳамчун хуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷахонӣ эътироф шуд. Қабули Конститутсия дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватанамон гардид. Он ҳамрадифи рӯзгори давлатдории миллат буда, тамоми дастовардҳои давраи соҳибистиқлолиамонро фаро мегирад. Имрӯз баъд аз гузашти бисту ҳафт сол, вазъи сиёсии олам нишон дод, ки давлати соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат роҳи дурустро интихоб кардааст.

Ба шарофати Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун субекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва халқи тоҷик ҳамчун мардуми бунёдкор ва сулҳпарвару фарҳангӣ шинохта шуд. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз тарафи давлат эътироф ва кафолат дода мешаванд. Тибқи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ба ягон ваҷҳ, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол кунанд.

Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, амният ва ваҳдати миллиро таъмин мекунад. Барои ҳар як шаҳрванд озодии андеша, вичдон, раъю иродат ва озодии фаъолиятхои иқтисодӣ фароҳам оварда шуд. Озодии инсон, истиқлолияти миллат ва давлатдории миллӣ, ки Президенти кишвар ҳадафи олии худ эълом дошта буданд, бо пайравии содиқонаи фарзандони бонангу номуси Ватан ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари миллат пойдор гардид.

Қобили зикр аст, ки дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст. Инак, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн дорад ва мардум бо камоли сарбаландӣ 6 ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳсутуни кохи миллат аст, ҳамасола қайд менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки Конститутсия дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки шиносномаи давлату миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром намояд.

КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *