Рубрики
Асосӣ Мақола

Гулистон: РӮЗИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,

Май бирезад, нарезад аз май бӯй.

Шоират ку кунун, ки шоир рафт,

Набувад низ ҷовидона чун уй.

Чанд ҷӯйӣ чу ӯ? Наёбӣ боз,

Аз чун ӯ дар замона даст бишӯй!

       Бунёдгузори адабиёти порсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли  858       дар деҳаи Панҷрӯд ба дунё омадааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихорӣ: Одамушуаро Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд. Асосгузор ва сардафтари адабиёт аслан маънои онро надорад ки пеш аз дигарон асар эҷод карда бошад.

     Устод Рӯдакӣ бо хидматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти форсӣ ҷамъбаст кардааст. Рӯдакиро яке аз асосгузорони жанрҳои назми форсӣ – достон, рубоӣ, қасида, байт, ғазал ва дигар пазируфтаанд.

Гар ба сари нафси худ амири мардӣ,     

Бар куру кар ҳар нуқта нагирӣ мардӣ.     

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,     

Гар дасти фитодаро бигирӣ мардӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *