Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Рӯзи дониш – Дарси сулҳ дар МТМУ №11-и шаҳраки Навгарзан

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои барқияи телефонии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон №19 аз 29.08.2022 чораҳои мушахасро роҳандозӣ намуд.

     Бахшида ба Рӯзи дониш раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода санаи 01.09.2022 дар чорабинии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоати шаҳраки Навгарзан иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар муҳити он соҳиби саводу маърифат ва илму дониш мегарданд, мероси гаронбаҳои таъриху фарҳанги халқамонро аз худ мекунанд, сабақи ватандўстиву оини ватандорӣ мегиранд ва ба туфайли он дар ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд». Аз ин лиҳоз, устодону омўзгоронро мебояд, ки дар тарбияи мутахассисони ҷавобгў ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд.

Ҳамзамон ҷавонон бояд ин давраро самаранок истифода бурда, тамоми нерўи худро барои азхуд кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, омўзиши забонҳои хориҷӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созанд.

Соли нави таҳсил, ки бо дарси сулҳ шурўъ мегардад, ҳар яки моро водор месозад, ки доир ба моҳияти сулҳ, аҳаммияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ бори дигар андеша кунем.

Вобаста ба ин, мо насли наврас ва ҷавононро бояд дар рўҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандўстӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоем. Аксҳо аз ҷараёнӣ чорабинӣ.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *