Рубрики
Uncategorized

Гулистон: СУМАНАКИ НАВРӮЗӢ

                       

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилал  чорабинии маърифатӣ- фарҳангӣ таҳти унвони “Марҳабо, Наврӯзи аҷам” ва суманаки Наврӯзиро бошукӯҳу шаҳомати хоса ташкил ва баргузор намуд.

    Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён перомуни баромади хеш зикр намуд, ки Наврӯз ҷашни бузурги бедоршавии табиат ва баробаршавии шабу рӯз мебошад, ки ҳазорсолаҳо боз ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ ва оғозӣ хилқати инсону табиат дар байни мардуми Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва кишварҳои  дигар таҷлил карда мешавад. Пеш аз фаро расидани Наврӯз мардум расму оинҳои гулгардонӣ, суманакпазӣ, ҷуфтбаророн  ва ғайраро бо мақсаду ниятҳои нек иҷро мекарданд. Суманак – як навъи таоми мавсимию маросимии мардуми тоҷикон буда, дар арафаи ҷашни Наврӯз пухта мешавад. Имрӯз фаъолони ҳизб тарзи пухтани суманаки Наврӯзиро моҳирона ва ҳунармандона бо иштироки  пирони бомаърифат тайёр намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *