Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Тарғибу ташвиқи Паём дар ташкилоти ибтидоии шаҳраки Сирдарё

Дар ташкилоти ибтидоии “Шаҳраки Сирдарё” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8  вохӯрӣ оид ба тарғибу ташвиқи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки санаи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бо иштироки ҷавонон доир карда шуд.

Намояндаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мӯҳрулло Иноятов  дар самти  соҳаи маориф ва шомилгардии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм, экстремизм ибрози сухан намуд.

          Тавре Президенти кишвар изҳор доштанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил дода, онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Сарвари давлат изҳор доштанд, ки  имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат ҷавонони бонангу номус  кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас гузошта истодаанд. Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро    ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.    

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *