Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол поянда бод!

АНДЕША: Ташаккул ва татбиқи сиёсати кишвар, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушод» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё ба роҳ монд. Интихоби сиёсати «дарҳои кушод» дар самти рушди ҳамкориҳои хориҷии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бо кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар рӯзҳои аввали истиқлолият аз хислатҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва он дар давоми Истиқлолияти давлатӣ воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзуда, барои таъмини иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз, ин сиёсати дуруст ва оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки то ин дам ба пешрафти аксарияти соҳаҳо мусоидат намояд ва барои амалисозии аҳдофи миллӣ дорои аҳамияти бузург аст. Иқдомҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои гуногун ба пешрафти соҳаҳои мухталифи мамлакат такони ҷиддӣ мебахшанд. Барои мисол, ҷалби торафт бештари сармоягузарони хориҷӣ, пешбурди лоиҳаҳои муштарак ва манфиатҳои миллӣ ба соҳаи иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ ва фарҳангӣ, пешрафти соҳаҳои истеҳсолӣ мисоли гуфтаи боло аст.

      Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар эҳё ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти беназири ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои маҳбуби миллат ва лидери барҷастаи сатҳи ҷаҳонии асри ХХ1 табдил додааст, ки мояи ғурур ва ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *