Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Фарҳанг гавҳари ҳастии миллат аст

        Дар мактаби санъати шаҳри Гулистон ҳисоботи ташкилоти ибтидоии  “Бахши фарҳанг” шунида шуд.

       Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Бахши фарҳанг”  аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоӣ Биомина Мирзоева дар давраи ҳисоботӣ ироа гардид. Раиси ташкилот вобаста ба дастовардҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати саҳмгузории ташкилоти ибтидоӣ ба корҳои ободониву созандагӣ ва иштироки фаъолонаи аъзои ташкилоти ибтидоӣ дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ибрози андеша намуд.

    Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, доир ба камбудиву беҳбудии фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  ибрози сухан намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг”-ро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

     Дар поёни маҷлиси ҳисоботӣ –интихоботӣ ба як қатор фаъолони тозаинтихоби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *