Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

Санаи 12 январи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар маҷлис Раиси шаҳри Гулистон Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб, аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва аъзоёни кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ширкат доштанд.Маҷлисро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода ифтитоҳ намуда, бо рӯзномаи маҷлис иштирокдоронро шинос кард ва оид ба фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар соли 2021 ҳисобот дод. Вакили маҷлиси вакилони халқии шаҳри Гулистон Набиева Муҳаррам, раиси ташкилоти ибтидоии “Зарчашма” Хоҷаев Улуғбек, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тарбиявӣ” Халилова Нодира ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистонро хуб арзёбӣ намуданд.Раиси шаҳри Гулистон Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода баромад намуда, дастуру ҳидоятҳои ибратомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун нерӯи тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассиру барҷаста арзёбӣ намуд. Ҳамчунин оид ба саҳми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар самти пешгирии амалҳои номатлуб, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ибрози андеша намуд.Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар суханронии хеш оид ба таассуротҳои нек аз Паёми навбатии Президенти кишвар, ки санаи 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, баёни андеша намуд. Инчунин барои фаъолияти минбаъдаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, ҷиҳати пешрафт ва ҷоннок намудани кори ҳизбиёни шаҳр маслиҳатҳои муфид дода, барору комёбиҳо таманно намуд. Тибқи рӯзномаи маҷлис доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар фарҷоми маҷлис ба ҷавонону бонувони фаъоли соҳаҳои мухталифи шаҳр, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил гаштаанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва шаҳодатномаҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Ғолибони озмуни “Ташкилоти ибтидоии беҳтарин” бо Вимпел ва Диплом сарфароз гардонида шуданд. Ёдовар бояд шуд, ки тибқи хулосаи комиссия дар озмуни мазкур, ҷои аввалро ташкилоти ибтидоии “Апрелевка”, ҷои дуюмро ташкилоти ибтидоии “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” ва ҷои сеюмро ташкилоти ибтидоии “Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум” ишғол карданд. Ғолибони озмуни Иншои беҳтарин ва аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *