Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Хайрияи беғаразона

Бахшида ба 27-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб баҳри амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати аёдати оилаҳои эҳтиёҷманд, пирони барҷомондаи яккаву танҳо ва маъюбон чораҳои амалӣ андешида истодааст.

Дар ташкилоти ибтидоии “Шаҳраки Зарнисор” оилаҳои эҳтиёҷманд, пирони барҷомондаи яккаву танҳо ва маъюбон бо кӯмаки моливу моддӣ аёдат карда шуданд. Шахсони аёдаткардашуда, барои чунин ҳайрияи беғаразона шукронаи истиқлолияти кишвар, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосгузорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *