Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Хизмати Модар-Ватан аз дилу ҷон мекунем!

     Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастиву меҳанпарастӣ, омода намудани онҳо баҳри хизмат ба Ватан дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Консой”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон  толори муассисаи таълимии №3  бо ҷавонони синни 16-18 сола вохӯрӣ доир гардид.

       Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Амир Муҳабатов  зимни вохӯрӣ бо ҷавонон қайд кард, ки тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб, дар ҷомеа  оғоз ёфта ва ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Ҳар як ҷавон пас аз хатми мактаб, хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа шуморад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

        Ҳамзамон директори муассиса Мунаввар Абидова оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав,  пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падар модар, дар таълиму тарбияи фарзанд”, баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонон суханронӣ намуд.

       Нафароне, ки бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мешаванд, дар вохӯрӣ ибрози сухан намуда қайд карданд, ки хизмати Модар-Ватанро аз дилу ҷон ба ҷо меоваранд. Дар поёни вохӯрӣ ҷавонон бо тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *