Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: ХИЗМАТ БА ВАТАН -МАРДОНАГИСТ!

Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимоя намудани марзу буми Ватан ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии №10, ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳраки Зарнисор вохӯрӣ доир карда шуд.

         Зимни вохӯрӣ хатмкунандагони муассиса, ки дар сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонсарбаландона хизмат карда, хизмати ҳарбиро ба охир расониданд оид ба бурду бохти хизмат, шароити зист дар қисми низомӣ ибрози сухан намуданд. Ҳамчунин тарғиботчиён зикр доштанд, ки  санаи 23-феврали соли равон ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки  кишварро вазъи печидаи сиёсӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Таърихи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.  Ҳамин тавр санаи  23-юми феврали соли 1993, нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ афсарон барои хизмати софдилона ба Ватан, ҳимояи марзу буми он бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд. Аксҳо аз ҷараёни вохӯрӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *