Рубрики
Uncategorized

Гулистон: Хиёнаткори Ватан Бе Ҷазо Намемонад!

  Вокуниш : Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар беадолатӣ ва қонуншиканиҳо решадор мегарданд.

 Дар вилояти Бадахшон гурӯҳҳои махсус таҳти кӯшиши хадамоти ҷосусӣ афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшӯӣ мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд. Мардуми вилояти Бадахшон набояд фирефтаи  душманони миллат гарданд. Бо сар задани нофаҳмоиҳо дар вилояти Бадахшон  душманони миллат фаъол мешаванду ҳар гӯшаи диёрамонро ба ҷангу хунрезиҳо таҳрик медиҳанд. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст. Ӯ бевосита муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва ҳамчун душман ба миллати худ қарор мегирад. Ӯ бо тамоми маънояш хоини Ватан мешавад! Бояд, зираку ҳушёр буда, бар зидди  ин гуна амалҳои номатлуб дастаҷамъона  мубориза барем.  

      Хиёнаткори Ватан дар ҳар давру замон бе ҷазо намемонад, ҷазои амали худро мегирад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *