Таҳти ин унвон тибқи нақша Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, муассисаҳои таълимӣ хониши сиёсиро ба роҳ монд.
Масъулон оид ба масъалаҳои рушди устувории оила, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкаму устувории оила дар тарбияи фарзандон ибрози сухан намуданд. Зимни баромадҳо қайд гардид, ки оила як воҳиди ҷамъият буда, асоси онро ташкил мекунад. Таҷрибаи даврони кӯдакии ҳар як фард, дар муҳити он ташаккул меёбад. Агар фазои оила аз меҳру муҳаббат, фидокориву гузашт, самимият ва гармӣ ҷудо бошад дар ин ҳолат муносибатҳо ба рашк, душманӣ ва кина, нафрат ва хашм бурда мерасонад. Кӯдакон дар рафти ҳаёт ин гуна муносибатҳоро дар симои волидайн, хоҳару додари худ меомӯзанд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳар як падару модар барои тарбияи фарзандонашон бояд дар оила, аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода баранд. Фарзанд дар оила бояд ончунон ба камол расад, ки на танҳо шоистаи таҳсину офарин, балки номбардори падару модар, Ватан ва миллат гардад. Иштирокчиёни хониши сиёсӣ дар атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мубодилаи афкор намуданд. Суратгузориш аз ҷараёни соати сиёсӣ.