Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: ХОНИШИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД!

       Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои нақша-чорабиҳо ва барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд №71 аз 22 ноябри соли ҷорӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, муассисаҳои таълимӣ бо иштироки фаъолони ҳизб бахшида ба ҷашни 30-солагии Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ягонаи соати сиёсиро дар мавзӯъи “Тоҷикистон, парчамат поянда бод!” роҳандозӣ намуд.

       Маърӯзачиён зимни баромади хеш ибрози сухан намуданд, ки эҳтироми муқаддасоти миллӣ, хосатан Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванди баору номус ва масъулиятшинос ба ҳисоб рафта, он ифодакунандаи гузаштаи пурифтихор ва фардои дурахшони миллату давлати азизамон буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ нақши муассир дорад.

       Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ менамояд ва ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатию миллӣ, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар бинои Созмони миллали муттаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз Тоҷикистони соҳибистиқлол иттилоъ медиҳад. Аксҳо аз ҷараёни хониши сиёсӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *