Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Чорабинии адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ташкилоти ибтидоии “Чоруқдаррон” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ифтихори мо” баргузор гардид. Асарҳову китобҳои Пешвои миллат ба намоиш гузошта шуд. Сараввал раиси ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вакил Бердиева Наргиз баромад намуда, оиди дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуд. Собиқадори ҳизбу меҳнат оиди санаи тақдирсозӣ Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳамаи ҷабҳои тарақиёти кишвар баромад намуд. Аз тарафи хонандагони МТМУ №2 барномаи адабиву фарҳангии ҷолиб намоиш дода шуд.

Инчунин дар рафти чорабинии тантанавӣ ба фаъолон сипосномаву ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои ташкилоти ибтидоии “Чоруқдаррон” супорида шуд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *