Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман

          Дар асоси дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб дар доираи амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тарбиявӣ” муассисаи томактабии Суғдиёнро мавриди санҷиш қарор дод.

     Зимни санҷиши шаҳодатномаҳои ҳизбӣ маълум гашт, ки ҳамаи аъзои ташкилот бо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ таъмин мебошанд. Масъулин аз пардохти ҳаққи узвият, сабт ва муҳргузорӣ дар шаҳодатнома,  корбарию ҳуҷҷатнигорӣ боздид карда, тавсияҳои судманд доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *