Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Эҳтиёткор бошем

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба пурзӯр намудани пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19, ки мавҷи дуюми он имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст дар кӯчаву маҳалҳо, ҳавлиҳо, хонаҳо ба корҳои тарғиботиву ташвиқотиро вусъат бахшиданд.

Тарғиботчиён зимни мулоқот бо аҳолӣ оид ба омили асосии хуруҷи навбатии бемории сироятӣ, роҳҳои пешгирии он, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Ҳамзамон варақаҳои тарғиботӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, муроҷиатномаи ҲХДТ дастрас карда шуд.

Чунин чорабиниҳо ҳар рӯз бо иштироки аъзоёни фаъол ва ихтиёрони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” доир карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *