Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Ҳунарманд ҳарҷо бувад сарфароз

Масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Отаҷонова Шарифа ва Раҷабова Гулбаҳор аз Филиали муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” намояндаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Гулистон дидан намуда, бо занҳои курси дузандагии ин филиал мулоқот доир намуданд. Зимни мулоқот Отаҷонова Ш. иброз намуданд, ки касбу ҳунаромузӣ комилан ҳар шахсро такмил дода, шароити иқтисодиашро равнақ мебахшад. Чун Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ин масъаларо дарҷ намуда, то соли 2026 Ҳукумати мамлакатро ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ муваззаф намуданд. Касбу ҳунар боиси сарбаландии инсон, афзояндаи ризқу рӯзӣ ва баланд бардоштани мавқеу мартабаи он дар ҷомеа мебошад.

Боиси хушнудист, ки ин марказ, ба ашхоси ниёзманд, маъюбон, хонанишинон, маълумоти миёнаи пурра надошта ва калонсолони бекору касб ройгон касбу ҳунарҳои мухталифро меомӯзонад. Ба монанди курсҳои дузандагӣ, пухту паз, компютер, муҳосибот, забонҳои англисӣ ва рӯсиро ба роҳ мондааст. Пурра муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо ҷиҳозҳои ҳозиразамон таҷҳизонида шудааст. Айни ҳол ба ин курсҳо шахсони хоҳишмандро баҳри соҳибкасб шудан, таклиф менамоянд.

Филиали муассиса дар шафати поёнии бинои навбунёди Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон, ки бо ибтикор ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9 феврали соли ҷорӣ ба истифода дода шуда, қарор дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *