Рубрики
Uncategorized

Гулистон: Ҷамъомади тантанавӣ дар корхонаи воҳидии “Экспидитсияи комплексии геологии Қайроққум”

Дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии корхонаи воҳидии «Экспидитсияи комплексии геологии Қайроққум» бахшида ба 27-умин солгарди “Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва “Рӯзи Геологияи Тоҷикистон” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ибрози сухан карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ ва зодаи даврони истиқлол буда, дар асоси ормонҳои халқи шарифи кишварамон таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳкими давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад. Дар замони Истиқлолияти кишвар соҳаи геология ба яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ табдил ёфтааст. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ин соҳаро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муайян намуда, баҳри пешрафт ва тараққиёти он тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. Геологҳо ҳамарӯза баҳри ҷустуҷӯю дарёфти конҳои нав ва коркарди ашё, ки барои истеҳсоли нуриҳои минераливу маводи сохтмон хеле заруранд, ҳамчунин дар обёрӣ намудани заминҳо ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо саҳми арзанда мегузоранд. Раиси ташкилоти ибтидоӣ кулли кормандону мутахассисони соҳаро бо 27-умин солгарди “Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва иди касбиашон шодбош намуд. Ҳамзамон, дар поёни чорабинӣ фаъолони ҳизб бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфарозонида шуда, ба аъзоёни тозаинтихоби ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *