Ба муносибати рӯзи кормандони тиб дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Консой” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар мулоқот Раиси шаҳраки Консой Амир Мухабатов, намояндагон аз соҳаи тандурустӣ, фаъолони ҳизб иштирок доштанд. Дар оғози чорабинӣ Раиси шаҳраки Консой зимни суханронии хеш кормандони соҳаро бо ин рӯзи таърихӣ таҳният намуд. Қайд карда шуд, ки нишони эътибори аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рӯз баҳри ҳифзи саломатии мардум заҳмат мекашанд.Аз ин хотир тазаккур бояд дод, ки давлату ҳукумат ҳамеша ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини шароити моддиву маънавии коркунони тиб назари неку ояндабинона дорад. Дар поёни чорабинӣ кормандони соҳа бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Рубрики
ГУЛИСТОН: Ҷамъомад бахшида ба рӯзи табибон
