Гурӯҳи тарғиботчиёни аз ҷониби МИҲД-и ноҳия тасдиқгардида бо иштироки корманди КИ ҲХДТ Саматов И., намоянда аз МИҲД-и ноҳия Тошпулотова Н., сармутахассиси Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав омӯзгори ЛКТ-и ноҳия санаи 9 феврали соли 2021 бо мардуми Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав баҳри мубориза бар зидди терроризму экстремизм, амалҳои коррупсионӣ, пешгирии шомилгардии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, самаранок истифода намудан аз заминҳои корам, сарфаи қувваи барқ, таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ободу зебо намудани маҳаллӣ зист баҳри муносиб ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули «хона ба хона» ва «кӯча ба кӯча» ба роҳ монданд.
Ҳамчунин ҳангоми мулоқотҳо ба мардум муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд.