Рубрики
Uncategorized

ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН

Дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и ноҳияи Шаҳристон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба гуселонидани наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабини аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” парчами ҳизбӣ ва давлатӣ парафшонда шуд. Маросими гуселонидани наваскаронро Раиси ноҳияи Шаҳристон ва Сардори комиссариати ҳарбии ноҳия бо суханони табрикӣ ифтитоҳ намуда, ба даъватшудагон шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим намуданд. Роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, волидайни наваскарон собиқадорони ҳифзи ҳуқуқ , наваскаронро ба хизмати Ватан сарбаландона гусел намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *