Рубрики
Uncategorized

ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ МО БО ШУМОЕМ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар толори мактаби санъати бачагонаи шаҳри Конибодом бо мақсади татбиқи босамару ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни пуршукӯҳи миллат, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мо бо шумоем» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар оғози озмун Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир баромад намуда, ҳозиринро бо фарорасии Иди Саиди Фитр табрик намуда, баргузории озмуни мазккурро яке аз силсилаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Зимни озмун иштирокдорон аз худ маҳорати хуби шеърхонӣ, сурудхонӣ ва навозандагӣ нишон доданд. Аз рӯи номинатсияи маҳорати суханварӣ ва қироати шеър Муллобоева Меҳрангез, номинатсияи навозандагӣ Раҳмонзода Санҷар ва номинатсияи сурудхонӣ Махкамова Рухсора сазовори ҷои ифтихорӣ гардиданд. Дар ҷамъбасти озмун барои иштирокдорон сурудҳои дилангез аз ҷониби санъаткорони шаҳр суруда шуда, ба ҳамаи иштирокдорон тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом тақдим карда шуд.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *