Ин навбат мулоқоти гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар толори МТМУ № 34 бо сокинони маҳаллаи Азизободи шаҳр баргузор шуд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева ва мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Бурсибой Лутфуллоев ҳозиринро бо нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат шинос намуда, таъкид доштанд, ки дар иҷрои вазифаҳое, ки дар ин ҳуҷҷати раҳнамо баён шудаанд, ҳар нафари ватандӯст бояд саҳмгузор бошад, ба тарбияи фарзандон, ободии маҳали зист эътибои ҷиддӣ диҳад.