Рубрики
Last News

ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи шоиста баргузор намудани 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ, пешгириии амалҳои номатлуб оид ба экстремизм ва терроризм дар КИИ минтақаи Ёва бо аъзоёни фаъоли ҳизб чорабинӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои Истиқлолият” доир гардид.

Дар он мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Солиева Муяссар иштирок ва баромад намуда, қайд кард ки истиқлолият барои мардуми хуштолеи тоҷик имкони воқеи фароҳам овард, ки роҳи ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ роҳнамоӣ намуд. Яке аз дастовардҳои бузурги солҳои соҳибистиқлолии кишвари мо давлатсозии миллӣ бо истифода аз мустақилияти сиёсӣ, эътибори ҷиддӣ додан нисбат ба барқароркунии арзишҳои фарҳангии миллӣ, нигоҳ доштани забон ва рушди анъанаҳои аҷдодӣ ва татбиқи сиёсати иқтисодӣ бо назардошти рушди босуботи иҷтисодию иҷтимоии мамлакат ба шумор меравад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *